Ҳафтаи равон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии сардори факултаи авиатсионии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Восиф Саломатшозода аз Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон боздид карданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ин сафари ҷавобӣ буда, охири соли гузашта ҳайати Академияи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Душанбе бо ҷараёни омодасозии кадрҳои афсарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон бо имконоти муҳайёшуда барои таҳсили курсантҳо дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон аз наздик ошно гардиданд.
“Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон ба ҳамтоёни тоҷики мо таассуроти фаромӯшнопазир гузошта, онҳо ҷараёни омодасозиии босуръати халабонҳои ояндаи ӯзбекро пеш аз парвоз муафассал омӯхтанд”, - таъкид дошт Нозимиён.
Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти омӯзишгоҳ масоили табодули таҷриба, ҳамчунин имкони тайёр кардани халабонҳои ояндаи тоҷик дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста