Ҳамаи воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хатлон шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ҳолати омодабош гирифтанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, ВКД, КДАМ, КҲФ ва МГ ва дигар сохторҳои қудратии мустақар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон барои гузаронидани тамринҳои низомӣ ба машқгоҳи “Фахробод” сафарбар мешаванд.
Дар назди комиссариати ҳарбии ноҳияи Хуросон ситоди фаврӣ оид ба идоракунии тамринҳо ташкил шудааст. Дар доираи тамринҳо ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ ба он санҷида мешаванд.
Дар машқгоҳи “Фахробод” имрӯз ҳамчунин размоиши чоррӯзаи бузургмиқёси зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз мешавад.
Ҷониби Ӯзбекистонро дар он ротаи таъиноти махсуси Вазорат мудофиаи ин кишвар намояндагӣ мекунад.
Ба тамринҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия ва воҳидҳо бо силоҳи оташфишон сафарбар мешаванд. Сарбозону афсарони ҳар ду кишвар малакаҳои амалро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такмил медиҳанд.
Тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 14-уми март ба охир мерасанд. Ба ин тамринҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста