Эмомалӣ Раҳмон бар пай шудани вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намудааст. Дар ин бора Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъйид мекунад, ки дар ин ҷаласа шиддат гирифтани ноамниҳо дар Афғонистон ва ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи марзии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин ҷаласа дар мавриди вазъи амниятӣ гузориш додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додааст, ки барои мустаҳкам кардани сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 ҳазор нафар низомии эҳтиётиро сафарбар кунад.
"Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд",- мегӯяд Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ба минтақаҳое, ки зарур аст неурҳои иловагӣ бурда шавад.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" дар ду моҳи ахир ноҳияҳо (вулусволиҳо)-и зиёдеро дар шикмоли Афғонистон тасарруф кардаанд, ки бархе аз ин вулусволиҳо дар чор вилояти шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла шаби гузашта бар асари ҳамалаи "Толибон" ба 7 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 1037 низомии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.
Аз ин пештар дар ноҳияи Панҷ ва Шаҳритус ҳам тақрибан 150 низомии АФғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буд.
Бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.
"Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзур кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад",-мегӯяд Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста