Баъди як рӯзи гуфтушуниди гурӯҳии кории Тоҷикистону Қирғизистон зӯҳри дирӯз, 13-уми март боз марзбонони қирғиз ба сӯйи ҳавлии як сокини деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ чанд тир холӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки дар мулоқоти рӯзи шанбе ҷонибҳо бо имзои як санад изҳори боварӣ карда, гуфта буданд ,амнияти мардум дар хатти марзи давлатиро ҳифз мекунанд, то мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд.
Манобеъи муътамад аз ҷамоати Чоркӯҳ, тирпаронии марзбонони қирғиз ба сӯйи ҳавлии як сокини деҳаи Сомониёнро тасдиқ карданд.
Ин манбаъи “Азия-Плюс”, мустақиман, аз манзили ин сокини деҳа, баъди ҳодисаи тирпаронӣ дидан кардааст. Вай гуфт, марзбонони қирғиз, зӯҳри дирӯз, соати тақрибан 13:00 ба сӯйи ҳавлии Наим Абдуллоев, сокини 39-солаи деҳаи Сомониён се тир холӣ кардаанд.
“Хонаи Наим Абдуллоев, наздик ба мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён ва дар рӯ ба рӯи масҷиди Абӯбакри Сиддиқ воқеъ аст. Аз се тири холикардаи марзбонони қирғиз, ду тир ба дарахти себи ҳавлии ин сокини деҳа, ки дар кӯчаи Сомониён 144 ҷойгир аст, расида, баъдан ба тарафи масҷид гузаштааст",-гуфт манбаъ.
Мухтасар Абуллоева, ҳамсари Наим Абдуллоев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард ва чунин шарҳ дод.
“Тақрибан соати 13:00 буд, фарзандонам дар рӯйи ҳавлӣ, бозӣ мекарданд ва худи ман бо рӯбучини ҳавлӣ машғул будам. Он лаҳза ногаҳон ду тир ба дарахти себи рӯйи ҳавлиямон зада ба самти дигар парид. Худованд раҳми кӯдаконамро хӯрд, агар он тир ба ман ё онҳо мерасид, чӣ мешуд? Дар тарафи чапи манзиламон хонаи қирғизҳо ҷойгир аст ва ин тир аз он ҷо омад. Аз 10-уми март ба ин тараф чанд низомии қирғиз дар ин ҳавлӣ камин гирифтаанд ва шабу рӯз аз он ҷо моро назорат мекунанд”,-гуфт ин сокини Чоркӯҳ.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик ва тирандозии шаби 11-уми март рӯзи 12-уми март мақомоти ду кишвар паси мизи гуфтушунид нишаста буданд.
Бар асоси тавофуқе, ки дар гуфтушуниди ахир, шанбеи 12-уми март ба даст омада буд, ба низомиёни ҳар ду тараф истифодаи силоҳро ба ҷуз ҳолатҳои махсус манъ карда буданд.
Бино ба иттилои бахши қирғизии Радиои "Озодӣ" - Azattyk дар такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон, зимни вохӯрии фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар ин тавофуқ ба даст омадааст.
Дар гуфтушуниди рӯзи 12-уми март, ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи нуруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинону раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва дигар сохторҳои қудратӣ намояндагӣ карданд. Ҷониби Қирғизистонро Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, Уларбек Шаршеев директори Хадамоти марзбонӣ- муовини аввали КДАМ ва дигар нафарони расмӣ намояндагӣ карданд ва гуфтушуниди ҷонибҳо дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ҳудуди ҳафт соат тӯл кашид.
Дар ин гуфтушунид миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар як санад (протокол)-и дигар ба имзо расид. Ҳарчанд ҷузъиёти ин санад то ҳол рӯшан нест, вале як манбаъи баландпояи Суғд, ки иштирокчии ин гуфтушунид буд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” мазмунан санади ба имзо расидаро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, “фармондеҳони неруҳои марзбонӣ изҳори боварӣ намуданд, ки амнияти ҳарду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад. Минбаъд марзбонони ду кишвар натиҷаи созишномаи ҳосилшударо риоя мекунанд, то мардум орому осуда дар хатти сарҳад зиндагӣ кунанд”
Инчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дигар аз паҳпод (дрон)-ҳо дар нуқтаҳои марзӣ истифода намебаранд.
Хабаргузории 24.kg аз натиҷаи гуфтушуниди ҳайати кории Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода навиштааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ карданд:
-масъалахои марбут ба хоҷагидории деҳаҳои наздимарзӣ (тоза кардани каналхо, системаҳои обёрӣ, бо оби обёрӣ таъмин намудани аҳолӣ), таъмири купрукҳо;
-комиссия созмон ёфт, ки онро муовинони раисони вилоятҳо роҳбарӣ мекунанд ва ба ҳайати он намояндагони идораи хоҷагии об низ дохил мешаванд;
-кормандони милитсия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва ба иғвоангезӣ роҳ надиҳанд;
-мубориза бар зидди дуздии чорво дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ;
-манъи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) дар минтақаҳои сарҳадӣ аз мавзуйҳое будаанд, ки ҷонибҳо дар иҷрои бечуну чарои он ба ҳам тавофуқ кардаанд.
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд, ки ширкаткунандагони ин гуфтушунид буд 12-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ дар доираи кишоварзӣ, тоза кардани каналҳо ҳафтаи оянда рӯзи чаҳоршанбе бо ҳам дидору вохӯрӣ мекунанд. Ӯ низ гуфт, бештари муноқишаҳо бар пайи обу замин сар мезанад ва масуъини муваззаф шудаанд онро ҷилавгирӣ кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста