Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар  бо такя ба ҳавошиносон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-11 апрел дар кишвар ҳавои номусоид дар назар аст.

Ҳамин тавр, дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон 10 апрел рӯзона ва 11 шабона апрел дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ раъду барқ боридани  жола пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 8-12 апрел бинобар идома ёфтани боришоти бошиддати дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилоятҳои Суғд, вилоятҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел пешбинӣ мешавад.

Рӯзҳои 10—12 апрель дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар мушоҳида хоҳад шуд. Тағйирёбии обу ҳаво эҳтимоли фаромадани сел, сангрезӣ, лағзиши тарма, ярч, зиёд мекунад, таъкид мекунад КҲФ.

КҲФ ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, чидани занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин иртибот Кумита  маслиҳат намедонад, ки дар чунин рӯзҳо одамон дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо гардиш кунанд. Бахусус сайёҳонро лозим аст дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд. 

КҲФ инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи деҳот ва кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки телефонҳои мобилиро ҳамеша омода дошта бошанд ва дорухонаҳои ёрии аввалияи хонагии худро аз назар гузаронида ва барои эҳтиёт онро бо доруҳои ниёзи аввал ғанӣ гардонанд.  навсозӣ ва пур кунанд.  Барои эҳтиёт воситаҳои зарурии рӯшноидиҳанда ва гармидиҳандаро ҳам фароҳам оранд.

Ҳамзамон аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад зиёда эҳтиёткору бадиққат бошанд. Бахусус, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст.

Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд. Ва рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ дар ин рӯзҳо  маслиҳат дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.