Додситони кулли кишвар боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт, онҳо аъзоёни ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд ва мехостанд “гурӯҳи одамонро заҳролуд кунанд”.
Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратии кишвар аз боздошти дастикам 15 сокини шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони содир кардани амали террористӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат хабар дода буданд.
Он замони расонаҳо навишта буданд, ки онҳо барои робита доштан бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) дастгир шудаанд.
Вале баъдтар КДАМ бо нашри як изҳорот ин иттилоъ рад карда, гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки натавонистаанд аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ иттилои бадастовардаашонро расман тасдиқ ё такзиб кунанд.
Бо гузашти беш аз чор моҳ Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, “дар ҳақиқат содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ* дастгир карда шудаанд”.
Ӯ мушаххас нагуфт, ки онҳо дар кадом минтақаи Тоҷикистон мехостанд одамонро заҳролуд кунанд, бо кадом роҳ ва бар зидди онҳо бо кадом моддаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Вале афзуд, “айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии додгоҳӣ қарор дорад”.
“Алоқаи онҳо бо дигар ташкилотҳои террористӣ зимни тафтишот мавриди санҷиши ҳамаҷониба ва пурра қарор дода шуд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Зимнан, дирӯз, 8-уми август Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ним сол 3 амали террористӣ ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ дар ВМКБ, Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи марказ пешгирӣ карда шуд.
Аммо тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард. Ҳамин тавр, нагуфт, ки дар робита ба ин амалҳои террористии пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста