Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» - | Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ дар қатори дигар нуқоти ҷамъиятӣ дар масҷидҳо низ санҷишҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мегузаронад. Дар ин бора муовини сардори хадамот Холмаҳмад Назаров ба «АП» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ санҷишҳо кори маъмулии хадамот буда дар тамоми масоҷиди кишвар гузаронда мешаванд.
Тавре муовини сардори хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ Х. Назаров гуфт, «чунин санҷишҳо қаблан низ гузаронда мешуданд ва мақсад аз он таъмини бехатарии санитрӣ-эпидемиологии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Санҷишҳо ба фаъолияти масоҷид монеъа эҷод намекунанд».
Санҷишҳои санитарӣ-эпидемиолгӣ дар масҷидҳои шаҳри Кулоб низ ба ҳамин мақсад гузаронда мешаванд, афзуд манбаъ.
Муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар сӯҳбат бо «АП» изҳор дошт, ки гузарондани чунин санҷишҳо вазифаи шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад ва ба маҳдудияти фаъолияти масҷидҳо рабте надорад. «Тибқи шариати ислом дар ҷойҳои намозгузорӣ, аз ҷумла масҷидҳо бояд тозагӣ риоя карда шавад», - афзуд Мухторов. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ҳангоми сабти ном кардани масҷид Кумитаи дин шароити санитарии онро ба инобат мегирад, ки то кадом андоза он ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар робита ба санҷишҳо дар шаҳри Кулоб М. Мухторов кайд кард, ки санҷиш дар салоҳияти хадамоти санитарӣ буда, кумита ба он дахолат надорад.
Бо вуҷуди ин, ба андешаи бархе аз коршиносон, ки дар ВАО изҳори ақида карданд, ин санҷишҳо метавонанд монеъи фаъолияти масоҷид гарданд.
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста