Тавилдара. 1-уми июл. «Азия-Плюс» - | Дар ноҳияи Тавилдара, ки беш аз 20 ҳазор аҳолӣ дорад, як кӯдакистон аз соли 2007 инҷониб фаъолият мекунад ва дар он ҳамагӣ 20 нафар атфол ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
То соли 2009 Комиссияи кор бо ноболиғон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара фаъолият дошт, ки баъдан ба Комиссияи ҳуқуқи кӯдак табдил дода шуд. Роҳбари ин сохтор Гулчеҳра Раҳимова, ки ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Тавилдара аст, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Комиссия чунин ибрози назар кард:
- Давлат ӯҳдадор аст, кӯдакро аз ҳар гуна шаклҳои ҳуқуқпоймолкунӣ муҳофизат намояд. Комиссияи мо масоили таъмини иҷтимоӣ ва таҳсилоту фароғат, пешгирии меҳнати вазнини кӯдакон, муҳофизати атфоли маъюб ва ятимону бепарасторон, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар оиларо мавриди омӯзишу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, барои инкишофёбии қобилияти кӯдакон ва дар амал татбиқ шудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат мекунад.
Ба қавли раиси Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Тавилдара, ин сохтор ҷиҳати роҳ надодан ба истеъмоли маводи мухаддир ва азобу шиканҷаи кӯдакон, ҳамчунин ҷорӣ кардани адолат нисбат ба ноболиғоне, ки ҳуқуқҳоро вайрон мекунанд, чораҳои зарурии назоратӣ ба роҳ мондааст.
Номбурда афзуд, ки кормандони Комиссия ҳамчунин маърӯзаҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак омода карда, дар байни кӯдакону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва онҳоро аз ҳуқуқҳояшон бохабар месозанд.
- Хуб мебуд, агар дар оянда Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар гардонидани шароити моддиву маънавии кӯдакон тадбирҳои мушаххас андешида, дар маркази ноҳия ва маркази ҷамоатҳои деҳот баҳри фароғату истироҳати тифлакон боғчаҳои бачагона, майдончаҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд кунад. Зеро ин яке аз бандҳои Конвенсияи байналмилалии СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва барномаи қабулнамудаи ҳокимияти давлатӣ дар ин самт мебошад, - изҳор дошт Г.Раҳимова.
Тавилдара яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон буда, аз маркази кишвар дар масофаи 210 км ҷойгир аст. Кӯдакони ин ноҳияи дурдаст ба дастгириву кӯмак ва шароити беҳтар ниёзманданд.
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста