Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки ояндаи наздик ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ислоҳот ворид мегарданд.
«Ҳеҷ яке аз асноди қонунгузории дар саросари ҷаҳон қабулмешуда догма нест ва онҳо бояд аз имтиҳони муаллими ҷиддие чун таърих гузаранд», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистон.
Дар робита ба масъалаи масъулияти падару модарон барои риоя накардани қонуни мазкур вай чунин ибрози андеша намуд, ки барои риояи меъёрҳои ин қонун бояд ду тарзи масъулият – маънавӣ ва маъмурӣ-ҷиноӣ пешбинӣ карда шаванд.
«Ман бар ин назарам, ки барои ба дарс ҳозир нашудан ё сайругашти шабона падару модаронро мутобиқи ин қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноӣ ҷалб намесозанд. Ин ҷо мебояд аз меъёрҳои маънавиву ахлоқӣ истифода кард», - мегӯяд ӯ.
Ба ақидаи Шабдолов, феълан наврасон ба чунин корҳои зиддиҷамъиятие даст мезананд, ки барои он худи онҳо ва падару модаронашон бояд ҳатман ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноӣ кашида шаванд.
«Масалан, харобу вайрон сохтани амволи ҷамъиятӣ. Манзурам нақлиёти ҷамъиятӣ, зербинои шаҳр, таҳқири қабри фавтидагон ва ғайра. Ба ҳамаи ин бояд аз ҷиҳати маъмурӣ чора андешида шавад. Аз ин рӯ, ман чунин фикр мекунам, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ба як қатор асноди қонунгузорӣ, аз қабили Кодекси ҷиноӣ, Кодекси оила ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда мешаванд», - таъкид сохт ввакили палатаи поёнии парлумон.
Дар мавриди он қисмати қонун, ки ба масҷид рафтани ҷавонони синнусоли то 18-соларо манъ мекунад, Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки агар толибилми мактаби таҳсилоти умумӣ ё донишҷӯй мулло ё рӯҳонӣ шуданӣ бошад, пас ҷойи ӯ бояд на мактаби олии дунявӣ, балки мактаб ё донишкадаи динӣ бошад.
«Ман ҳеҷ гоҳ ҳатто дар кишварҳои исломӣ мушоҳида накардаам, ки толибилми мактаб ё донишҷӯй дарсро сарфи назар карда, барои намозхонӣ ба масҷид равад, вале дар Тоҷикистон ин падида ба хусусияти оммавӣ гирифтан оғоз мекунад. Аз ин рӯ, давлату ҷомеаро мебояд бо ягон тарзе ба он вокуниш нишон диҳанд», - афзуд Ш.Шабдолов.
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста