Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар қурбон шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи «Опел Вектра», сокини ноҳияи Конибодом Дилшод Қодирови 35-сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой тахминан соатҳои 22:30 дақиқаи шаб дар километри 65-уми роҳ дар қаламрави ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба автомашинаи дар канори рости роҳ истодаи ЗИЛ-130 бармехӯрад.

Дар натиҷа худи ронанда ва се нафар мусофирони он, ки сокинони ноҳияи Конибодом мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мунтақил гаштаанд.

Ба иттилои манбаъ, се тан мусофири дигари автомашина дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти шӯъбаи БДА-и РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 190 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 84 тан (ҳамин давраи соли гузашта – 64 нафар) ҳалок ва 198 нафар (соли 2010 – 226 тан) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.