Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович изҳор кард, ки ӯ қазияи рӯзноманигорони тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов ва Ӯрунбой Усмоновро пайгирӣ дорад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ояндаи наздик рӯзноманигорон ба иҷрои вазифаҳои касбии худ мепардозанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Миятович беқаророна сафараш ба Тоҷикистон ва мулоқот бо ҳукуматдорон, аҳли ҷомеа ва намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриро интизорӣ дорад.
«Ман хабари озодии Маҳмадюсуф Исмоилов ва Ӯрунбой Усмоновро бо қаноатмандӣ пазируфтам, вале он, ки рӯзноманигорон барои инъикоси мустақили рӯйдоди барои ҷомеа муҳим маҳкум шудаанд, боиси нигаронӣ аст ва умедворам, ки шикояти овардаи онҳо аз болои ҳукуми додгоҳ муваффақона анҷом мепазирад ва тамоми айбҳои онҳо бекор хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар изҳороти Миятович.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми октябр додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзноманигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро дар тӯҳмат ва барангехтани «низои маҳалгароӣ» гунаҳкор донист. Рӯзноманигор аз моҳи ноябри соли 2010 дар боздоштгоҳ қарор дошт ва тибқи ҳукми додгоҳ дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ (5,4 ҳазор Евро) ҷаримабандӣ гардида, дар муддати се соли минбаъд ба фаъолияти рӯзноманигорӣ даст заданаш манъ шуд.
Худи ҳамон рӯз дар минтақаи шимоли кишвар хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов барои иштирок дар кори созмони фаъолияташ манъшуда ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, вале бинобар қонуни афв озод карда шуд.
Ҳар ду рӯзноманигор айбҳои ба онҳо пешниҳодшударо рад сохта, ҳалномаи додгоҳро дубора мавриди баррасӣ қарор доданианд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста