Барои фаъолияти доимии роҳи автомобилгарди ағбаи «Шаҳристон» дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар майдончаи қисми ҷанубии нақби «Шаҳристон» хона - вагони кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ гузошта шуда, барои фаъолияти кормандон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ағбаи Шаҳристон дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2011 - 2012 барои навбатдорӣ аз дигар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят техникаву қувваи корӣ аз рӯи ҷадвал ҷалб карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ ташкил гардида, аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони муассисаи мазкур, масъулини шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ситоди Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки миқдори зарурии маводи ғизойӣ, ангиштсанг, ҳезуми сахт, сӯзишвории техникӣ ва 735 м³ маводи зиддилағҷиш захира гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо ва ба ағбаи «Шаҳристон» дастрас карда шуд.
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста