Ахири ҳафтаи гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанон аз диаспораҳои тоҷик дар Русия баргузор шуд, ки дар он ҳайати диаспораҳо аз шаҳрҳои Қазон, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, Новокузнетск, Ярославл, Рязан, Липетск, Маскав, Нижний Новгород, Тюмен ва Омск иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба усулҳои ҳамкории шариконаи стратегиро таъкид сохт ва изҳор кард, ки диаспора дар ин раванд бояд нақш мусбат дошта, ба ваҳдату муттаҳидӣ бикӯшад.
Ба иттилои манбаъ, Сафиалло Девонаев зимни суханронӣ бо пешниҳоди арқоми мушаххас оид ба вазъи муҳоҷират дар Русия маълумот дод. «Роҳбари Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар баҳодиҳӣ ба вазъи марбут ба муҳоҷирон мебояд ба ахбори расмӣ такя намуда, аз шарҳу тафсири мустақилонаву озодона худдорӣ варзид, зеро ахиран афроди ҷудогона ба худ ҳуқуқи аз номи муҳоҷирони корӣ ва ҳатто дар маҷмӯъ тамоми мардуми тоҷик сухан гуфтанро додаанд. Чунин амалҳо ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва манфиатҳои худи муҳоҷирон мусоидат намекунад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои истифодаи масъалаи муҳоҷирон барои ҳадафҳои сиёсӣ низ ба мушоҳида мерасанд», - таъкид кард манбаъ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо истифода аз тамоми имконоту механизмҳо масъалаҳои беҳбуди вазъи муҳоҷирони кориро ба иҷро мерасонад ва дар ин самт нақши муҳими созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷик дар Русияро таъкид менамояд.
«Дар анҷом иштирокчиёни мулоқот қабули Изҳорот ба ҳамватанони муқими Русияро пешниҳод карданд. Роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷирати кориро дастгирӣ намуда, аз ҳамватанон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳалли масоили зикршуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд», - афзуд манбаъ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад
Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста