Шӯрои уламои Тоҷикистон ахиран аз зойирини Хонаи Худо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастрас кардани квота барои адои маросими ҳаҷ ба ришвахорӣ даст назананд.

Тавре котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фатвои махсуси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ қироат карда шудааст.

Ба қавли вай, дар фатвои мазкур таъкид мегардад, ки додани ришва ҳам дар корҳои дунявӣ ва ҳам дар амалҳои динӣ ҳаром буда, Маркази исломии Тоҷикистон умедвор аст, ки соли равон иҷрои яке аз рукнҳои Ислом шаффофона сурат гирифта, масъулони умури ҳаҷ аз ин амали нодуруст даст мекашанд.

«Имом-хатибони масҷидҳо зимни шарҳу тавзеҳоти фатвои мазкур таъкид карданд, ки агар адои маросими ҳаҷ тавассути додани пора анҷом пазирад, он дар назди Худованд қабул нахоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои А.Қосимов, фатвои мазкур бо пешниҳоди раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов содир шуда, айни замон кормандони воҳидҳои масъули ҳаҷҷи кумита бо зойирини имконпазир оид ба воситаҳои қонунии дастрас кардани квота барои ҳаҷ суҳбатҳо доир месозанд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки бинобар сабаби зиёд будани талабот нисбат ба пешниҳод, сурат гирифтани муомилоти коррупсионӣ дар ҷараёни гирифтани квотаҳо ногузир мебошад.

Соли гузашта роҳбари Кумитаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ зимни тақсими квоатҳо барои адои маросими ҳаҷ боздошт шуда буд. Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шарбатов аз зоирин барои адои маросими ҳаҷ пардохти иловагӣ талаб мекардааст. Баъдтар ӯ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, аз толори суд озод гардида буд.