Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ бақайдгирии зойирини тоҷикро оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дин хабар доданд, соли равон танҳо шаҳрвандоне, ки муддати 5 соли ахир ба ҳаҷ нарафта буданд, метавонанд ба зиёрати Хонаи Худо раванд.
«Ин тасмим дар маҷлиси Кумитаи умури дин бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ қабул гардида, ҳадаф аз он ҳарчи бештар шаффоф кардани ҷараёни фиристодани зойирин ба ҳаҷ аст», - гуфтанд дар кумита.
Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар кумита санаи 1-уми май оғоз гардида, то ахири моҳ идома меёбад, вале то ҳанӯз арзиши ҳаҷҷи имсола барои тоҷикистониён муқаррар карда нашудааст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» то ба ҳол нархномаҳои парвози ҳавопаймо тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷандро ба кумита пешниҳод накардаанд.
Дар Кумитаи умури дин ҳамчунин зикр карданд, ки соли равон маблағи арзиши адои маросими ҳаҷ танҳо бо асъори миллӣ пардохт карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта барои маросими адои ҳаҷ ба Тоҷикистон 5,5 ҳазор квота ҷудо гардида, маблағи он дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.
Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард.
Дар ҳамин ҳол, ҳамасола бинобар сабаби нокофӣ будани шумораи квотаҳо, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз адоми маросими ҳаҷ ба Хонаи Худо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, барои адои маросими ҳаҷ шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран аз квотаҳои кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Русияву Қазоқистон истифода менамоянд. Мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки соли гузашта аз квотаҳои кишварҳои дигар беш аз 600 нафар зойирини тоҷик истифода кардаанд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста