Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нахустин шабакаи иҷтимоии тоҷикӣ - www.socialnet.tj ба фаъолият шуруъ кард. Ин ягона шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шабакаи мазкурро ҷавонон – донишҷӯёне, ки машғули барномасозианд, таҳия намудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз маъмурони socialnet.tj, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фирдавс Ёрматов хабар дод, ҳадаф аз таҳияи шабака кӯмак ба одамон аст, то ки тоҷикистониён дӯстони худро дар шабакаи тоҷикиву миллии худ пайдо кунанд.
«Тоҷикистониёни зиёде дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил доранд ва мо мехоҳем, ки барои онҳо дар шабакаи мо пайдо кардани дӯстонашон қулай ва осон бошад, - мегӯяд яке аз таҳиягарон. – Ғайр аз ин, мо ба ҷаҳониён нишон доданием, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоии бегона, аз қабили Facebook ва Одноклассники ҳатмӣ нест. Ҳамаи кишварҳо шабакаи иҷтимоии мустақили худро доранд ва тоҷикистониён ҳам бояд дошта бошанд».
Ба қавли ӯ, айни замон дар бандубаст ва таъмини фаъолияти сомона се нафар машғуланд. Ф. Ёрматов ҳамчунин зикр кард, ки сомона сарпараст надорад, ҳарчанд онҳо ба дастгирии сарпарастон ниёз доранд, то ки нияту андешаҳои худро рӯйи кор оваранд.
Маврид ба ёдоварист, ки аввали моҳи марти соли равон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳор карда буд, ки дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданист.
Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ дар робита ба ин масъала гуфт, айни замон сомонаи зикршуда дар марҳилаи таҳия қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, корманди масъули таҳияи шабакаи миллии иҷтимоии ҳизб дар рухсатии меҳнатӣ аст ва аз ин рӯ, ӯ наметавонад дар ин хусус маълумоте муфассалтаре пешниҳод созад.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста