Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев ситоди омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистон таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ҷаласаҳои ситод аз моҳи май то 15-уми сентябр ҳар ҳафта як маротиба, аз 15-уми сентябр то 15-уми ноябр ду маротиба дар як ҳафта ва аз 15-уми ноябр то 15-уми марти соли 2013 ҳамарӯза баргузор карда мешаванд.

«Ба ҳайати ситод муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони идораву хадамоти дахлдори шаҳри Душанбе шомил гардида, дар сурати зарурат ситод бо иштироки намояндагони идораву вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ метавонад ҷаласаҳои сайёр доир намояд», - зикр кард манбаъ ва илова намуд, ки дар тамоми ноҳияҳои пойтахт низ ба ин монанд ситодҳо таъсис дода мешаванд.