Рӯзҳои 16-18-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ – меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллӣ» тренинг доир мегардад.

Чорабинӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» дар ҳамдастӣ бо Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Маркази демокаратӣ оид ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ созмон дода мешавад.

Тренинг бо мақсади омӯзиши асосҳои ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, шарҳу тавзеҳи кафолату имтиёзҳои муқарраршуда мутобиқи меъёрҳои милливу байнулмилалӣ, механизмҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои низомиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор мешавад.

Дар кори тренинг иштироки кормандони Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони ҶТ, Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбӣ, Суди ҳарбӣ, Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, адвокатҳо ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Машғулиятҳо дар тренингро коршиносони милливу байнулмилалӣ, аз қабили Гиҷи Гия – роҳбари Дафтари иҷроияи Маркази демократӣ оид ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ, Миндия Вахаладзе – мутахассиси ҳамин марказ ва Самадова Дилафрӯз – ҳамоҳангсози барномаҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» доир мекунанд.