Соли равон ҳудуди 2 ҳазор сокинони вилояти Хатлон ба ҳаҷ мераванд.

Тавре ба islamnews.tj сардори шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Хатлон Сафарбек Шарифов хабар дод, соли равон ба сокинони вилоят барои зиёрати Хонаи Худо 1 ҳазору 837 квота ҷудо шудааст, ҳарчанд шумори хоҳишмандони сафари ҳаҷ бамаротиб зиёд аст.

«Аз сокинони вилоят ҷиҳати анҷом додани сафари ҳаҷ ҳудуди 5 ҳазор ариза ворид шуда, қисмате аз онҳо ҳанӯз аз соли 2009 дар навбатанд ва дар навбати аввал маҳз миёни онҳо квотаҳо тақсим карда мешавад», - гуфт вай.

С.Шарифов мегӯяд, агар шумори квота ба ҳамин миқдор боқӣ монад, то соли 2015 тамоми хоҳишмандони зиёрати макони муқаддаси мусулмонон аз вилояти Хатлон ба ҳаҷ рафта метавонанд.

«Албатта шумораи кунунии барои мо муқарраршуда кофӣ нест, вале мо ба афзоиши шумори квоатҳо барои сокинони вилоят салоҳият надорем», - иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, айни замон аз ҷониби шуъба ба тамоми ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят супориш шудааст, ки зимни тақсими квотаҳо навбат ба инобат гирифта шуда, пеш аз ҳама аризаҳои соли 2009 воридшуда баррасӣ шаванд.