Корхонаи бузурги бахши кишоварзии Русия – ҶСП «Куликово»-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва таъмини онҳо бо ҷойи корӣ омода аст.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз қабл кормандони намояндагии хадамоти мазкур дар Русия аз ин корхона боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии он гуфтушунид анҷом додаанд.

Дар маркази матбуоти хадамот гуфтанд, қаблан аз номи корхонаи мазкур ба унвони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор дархост ворид шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот муовини директори генералии ҶСП «Куликово» Михаил Климанов изҳор доштааст, ки корхона ҳамасола беш аз 70 ҳазор тонна сабзавот ва картошка парвариш намуда, ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ омода аст, зерои барои он квотаи зарурӣ дорад.

Ба корхона коргарони қаторӣ ва мутахассисони соҳитаҷриба, аз қабили агроному механизатор-ронанда ва механизаторони пойгоҳҳои обкашӣ заруранд.

М.Климанов таъкид кардааст, ки зимни қабул ба кор корхона баҳри мусоидат ба гирифтани иҷозатнома ва таъмини муҳоҷирон бо хобгоҳ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди қаламрави корхонаи худ омода аст.

Зимни ҳалли масъалаи қабул ба кор миёни корфармо ва шаҳрванди хориҷӣ қарордоди меҳнатӣ ба имзо расида, ҳаҷми маош дар корхона корбайъ аст ва ба коргарони ҳирфаӣ тибқи маоши муқарраршуда ҳақмузд пардохт карда мешавад.

Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷиати ҶТ дар Русия бо шароити зисту маишати шаҳрвандони тоҷик, ки беш аз се сол дар иншооти гуногуни ин корхона кор мекунанд, аз наздик ошно гардида, бо онҳо як қатор вохӯриҳо анҷом доданд.

Айни замон дар иншооти гуногуни ҶСП «Куликово» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Феълан корхонаи мазкур тақрибан ба 300 нафар коргарон ва мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз дорад.