«Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи умумии 105.384 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи кишоварзӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав ҷаноби Такааки Коматсу, котиби саввуми сафорати Ҷопон ва ҷаноби Вали Ашӯров, раиси ноҳияи Носири Хусрав ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки ноҳияи Носири Хусрав дар мавзеъи дурдаст воқеъ буда, соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии зиндагии мардуми он мебошад. Аз сабаби норасоии об ва истифодаи ғайрисамараноки замин дар ҷамоати «Истиқлол», деҳқонони маҳаллӣ аз камҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ танқисӣ мекашиданд. Норасоии манбаи об ва таъмири нокифояи каналҳои обӣ, боиси обёрии танҳо 4га замин аз 130га заминҳои мавҷуда гашта буд.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур, барои ба таври лозима обёрӣ намудани зиёда аз 100 га замин, қубурҳои оҳании дарозиашон 300м ва пойгоҳи обкашӣ бо ду обкаш васл карда шуд. Баъди ба итмом расидани лоиҳаи мазкур намудҳои гуногуни сабзавот кишт карда шуда, 5га боғи меваноки навбунёд обёрӣ карда мешавад. Дар натиҷа, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин мавзеъ беҳтар мегардад. Инчунин, ҳаҷми даромади аҳолии маҳаллӣ зиёд шуда, боиси таъмини сатҳи зиндагии хубтари аҳолии ноҳияи Носири Хусрав мегардад.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Љопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста