Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ медиҳад, ки соли равон дар чаҳорчӯби мусоидати гуманитарӣ ва баргузории чорабиниҳои зарурӣ дар робита ба хавфи хурӯҷи бемории гулӯзиндонак (дифтерия) Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмак мерасонад.

Маблағ аз буҷети федералӣ ба сифати пардохти якддафъаинаи ҳадафнок ба буҷети Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷудо мегардад.

«Иқдоми мазкур гувоҳи эътимодбахши он аст, ки Русия дар рӯҳияи муносиботи шариконаи қавӣ ба расонидани кӯмаки зарурӣ ба мардуми дӯсти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ омода аст», - гутфа мешавад дар иттилои Вазорати умури хориҷии Русия.