Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки аз соли 2004 ҳаммасола санаи 8-уми июл ҷашн гирифта мешавад, як чорабинӣ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони Маркази минтақавии хизматгузорӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, Ҷамъияти нобиноёни пойтахт ва Ҷамъияти кару гунгҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур дар шуъбаи хизматгузорӣ ба маъюбон, ки се моҳ қабл ташкил шуда буд, баргузор гардид. «Имрӯз дар шуъбаи мазкур 14 адад аудиодиск барои нобиноён ва ҳудуди 500 нусха китоб бо ҳуруфи Брайл мавҷуд буда, рӯзҳои наздик компютери махсус барои нобиноён насб мегардад», - гуфтанд дар Китобхонаи миллӣ.