Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор кард, ки соли 2014 Тоҷикистон пурра ба низоми мутамаркази имтиҳони қабул мегузарад.

Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи собиқ кишварҳои шӯравӣ ба ин низом гузашта, давлатҳои аврупоӣ муддати ним аср аст, ки бо он фаъолият доранд.

«Кормандони Маркази миллии санҷишӣ (тестӣ)-и вазорат таҷрибаи ин кишварҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд, - гуфт ӯ. – Таҳлилҳо самаранокии низоми мазкурро возеҳ сохта, ба сифати таълим дар ин кишварҳо таъсири мусбат гузоштаанд».

Вазири маориф зикр кард, ки айни замон бо дастгирии мададрасонони байнулмилалӣ низоми мазкур мавриди таҳия қарор дорад. «Ин механизми хеле бузург буда, мо мураттабан ба ин чорабинӣ омодагӣ мегирем, - гуфт ӯ. – Мутахассисони мо аллакай заминаи маълумотҳоро омода карданд. Соли 2014 дар тамоми макотиби олии кишвар қабули мутамаркази имтиҳонҳо амалӣ мегардад».

Н.Саидов бар ин назар аст, ки ҷорисозии низоми нав, ки дар он тамоми маълумот бо штрих-кодҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ба нест кардани ришваситонӣ ҳангоми қабул ба макотиби олӣ мусоидат менамояд.