Айни замон 720 наар шаҳрвандони Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор дошт, ки соли равон 320 нафар тоҷикистониён ба муассисаҳои таълимии Русия ва 187 нафар ба макотиби олии Эрон дохил шудаанд.

«Дар бораи баргузории озмунҳо оид ба интихоби довталабон пешакӣ тавассути васоити ахбори умум хабар дода шуда буд», - гуфт вай.

Саидов қайд кард, ки феълан қабули имтиҳонҳо тибқи квотаҳои ҷудокардаи муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар як қатор муассисаҳои таълимии Русия пардохти маблағи таҳсили шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби буҷети федералӣ таъмин гардида, дар баъзе муассисаҳои таълимии ин кишвар шаҳрвандони тоҷик аз ҳисоби худи муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов, дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ пардохти маблағи таҳсили шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар сурате амалӣ мегардад, ки агар ба ин мутахассис иқтисоди миллӣ эҳтиёҷ дошта бошад. Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон дар макотиби олии кишвар аз рӯйи 280 ихтисосо кадрҳо омода карда мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар бозори меҳнат талабот 450 ихтисосро ташкил медиҳад.

«Зимни имтиҳони қабул ҳамчунин намояндагони муассисаҳои таълимии кишварҳои қабулкунанда низ иштирок мекунанд», - афзуд муовини аввали вазир.