Пас аз таваққуфи 11-сола се маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод боз ба шабакаи барқ пайваст гардиданд.

Директори муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки барои барои пайвасти ин деҳаҳо ба шабакаи барқ лозим омадааст, ки зеристгоҳи барқии бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи И.Шарифовро ба тавозуни муассиса бигиранд.

Ба қавли вай, зеристгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду трансформатор иваз ва хатти баландшиддати барқ ба масофаи 18 километр қариб пурра азнавсозӣ шудааст.

«Барои кор дар зеристгоҳи барқӣ ва назорати доимии хатти баландшиддати барқ мутахассисони соҳибтаҷрибаро киро кардем», - гуфт Исмоилов ва афзуд, ки ҳамчунин ба шабакаи барқ боз 26 хонаводаҳои деҳаи дурдастии кӯҳии Сулдузии ноҳияи Балҷувон низ пайваст карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз беш аз 100 маҳаллаҳои хурди аҳолинишин аз истифодаи барқ маҳруманд. Дар ин маҳаллаҳои хурд аз 4 нафар то 10 оила ба сар мебаранд.