Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки навбатии башардӯстона мефиристад, - иттилоъ медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

«Дар робита ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мавҷуда дар Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Қазоқистон барои кӯмаки расмии башардӯстона ба Тоҷикистон аз захираҳои моддии давлатӣ 80 ҳазор литр равғани рустанӣ ва 120 тонна орди гандум ҷудо карда шуд», - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.

Кӯмаки башардӯстона ба ихтиёри Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ, моҳҳои январ-майи соли равон ҳиссаи Қазоқистон дар ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи дигар кишварҳои мададрасон дар расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба тариқи зайл аст: ИМА – 50,5%, Русия – 10,2%, Миср – 5,8%, Нидерланд – 4,6%, Чин – 3,5%, Олмон – 3,4%, Фаронса – 3,3% ва Ҷумҳурии Корея – 3,1%.