Гурӯҳи нахустини сайёҳони хориҷии иборат аз шаҳрвандони Фаронсаву Олмон, ки ҳангоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доштанд, ба шаҳри Душанбе баргаштанд, - иттилоъ медиҳад хадамоти бахши русии хабаргузории Би-Би-Сӣ.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон дар Бадахшон даҳҳо нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доранд, ки қисмати зиёди онҳо кӯчонида шудаанд.
Қаблан хабар дода будем, ки дар шаҳри Хоруғ ҳудуди 100 нафар сайёҳон боқӣ мондаанд, ки асосан шаҳрвандони кишварҳои Аврупо, ИМА ва Канада мебошанд. Зикр гардида буд, ки дар Хоруғ ва гирду атрофи он сайёҳон хеле зиёданд, аммо аз вазъи будубоши онҳо чизе маълум нест, зеро робита бо онҳо ғайриимкон аст.
Сайёҳон аз Фаронса Софи ва Дейв ҳикоят кардаанд, ки муддати тамоми шабонарӯз дар меҳмонхона будаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар шаҳри Хоруғ таъминот бо обу барқ ва иртиботи телефонӣ қатъ гардида, аз шунидани тирпаррониву таркишҳо хеле дар ҳарос афтодаанд. Дар роҳ онҳо манзилҳои харобшудаву оташгирифта, танкҳои сӯхташуда ва издиҳоми зиёди низомиёну аҳолии осоиштаро мушоҳида кардаанд.
Би-Би-Сӣ менависад, рӯзи чоршанбе дар мавзеи Поршнев, ки начандон дуртар аз Хоруғ воқеъ аст, эҳтимол аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯйи сокинони деҳа, ки ба кори саҳро баромада буданд, тир холӣ карда мешавад. Зикр мегардад, ки миёни сокинони маҳаллӣ кушташудагону ҷароҳатбардоштагон ҳастанд. Сокинони деҳаи Поршнев ба нишони эътироз роҳи самти Хоруғро бо сангҳо бастаанд.
Ҳамчунин дар хусуси тирпаррониҳо дар мавзеи Калотаи ноҳияи Рӯшон иттилоъ дода мешавад. Эҳтимол меравад, ки тирпарронӣ аз ҷониби Афғонистон сурат гирифта бошад. Бар асари тирпарронӣ аъзои гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) осеб дидаанд, ки он замон дар қаҳвахонаи сари роҳ ғизо тановул мекардаанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Хоруғ ва мавзеъҳои атрофи он беш аз 30 ҳазор нафар иқомат доранд.
Шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ. Сокинони Конибодом дар ҳаросу мақомот хомӯш
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста