Д ар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо ҳузури раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода машварати августии омӯзгорон баргузор шуд.

Дар машварат муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова, муовинони раиси вилоят,  раисони шаҳру навоҳӣ, ректорони донишгоҳҳои олӣ, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Пеш аз оғози ҷаласа филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои охир пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова дар оғоз аҳли нишастро ба фарорасии Рӯзи дониш ва ҷашнҳои миллии дар пешистода муборакбод намуда, сипас зиёд кардани шумораи муассисаҳои томактабӣ, ба ҳолати аввала баргардондани биноҳои муассисаҳои томактабӣ,  ва ташкили Маркази ташаккули инкишофи кӯдак, истифодаи роҳу усулҳои нави таълиму тарбия сухан гуфт.

Зимни суханронӣ дар машварат раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зикр кард, ки соли ҷорӣ ба соҳаи маориф равона намудани 43,6 фоизи даромади буҷети вилоят ба нақша гирифта шуда, давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи даромадҳо барои 27 ҳазор хонанда мактабу синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шудаанд ва то анҷоми сол боз 80 мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои беш 9 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 76 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Расулзода таъкид кард, ки солҳои охир миқдори мактабҳои ғайридавлатӣ дар вилоят боз 14 адад афзуда, миқдори умумии он ба 70 адад ва шумораи хонандагонаш беш аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки соли таҳсили гузашта 153 нафар хонандаи вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба гирифтани 94 ҷой, аз ҷумла 17 ҷойи аввал, 32 ҷойи дуюм  ва 45 ҷойи сеюм сазовор гардиданд.

Сипас раиси вилоят дар бораи муваффақияти мактаби рақами панҷуми ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳарф зад, ки он дар миқёси ҷумҳурӣ ягона буда, соли ҷорӣ аз 130 нафар хатмкардагон 70 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 17 нафар ба дигар донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд, ки ин ҳам аз заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон шаҳодат медиҳад.

Қ.Расулзода изҳор кард, ки алҳол дар мактабҳои вилоят 32 ҳазор нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд ва аз онҳо 553 нафар дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва 1845 нафар бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Раиси вилоят ҳозиринро мутамин кард, ки барои ҷалб намудани мутахассисони ҷавон тамоми шароит муҳайё гардидааст. «Бо мақсади беҳтар кардани шароити иҷтимоии мутахассисони ҷавон  соли равон ба 432 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба 483 нафар замин барои боғдорӣ, ба 152 нафар қарзи имтиёзнок ҷудо гардида, боз 570 нафари дигар дар навбати гирифтани қитъаи замин мебошанд», - гуфт ӯ.

Қоҳир Расулзода гуфт, «лекин чунин дастгирӣ моро қаноатманд карда наметавонад, зеро мутаассифона, то ҳол омӯзгорон тарки вазифа намуда истодаанд. «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 473 нафар тарки вазифа намудаанд, ки аз инҳо 80 нафар ба нафақа, 30 нафар бемор ва 30 нафари дигар фавтида бошанд, боқимонда аз соҳаи маориф дур гардидаанд, ки ин хеле ташвишовар аст», - изҳори нигаронӣ намуд раиси вилояти Суғд.

Сипас якчанд нафар омӯзгорон барои иштироки фаъолонаашон дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон аз макотиби шаҳру навоҳии вилоят бо Сипосномаи Раиси вилоят ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Машварати августии омӯзгорони вилоят бо барномаи консертии толибилмони мактаби президентии шаҳри Чкалов, сарояндагони маъруф ва ҳамчунин ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарии рақсии «Чаманоро» ва «Маҳастӣ» анҷом пазируфт.