Дар Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон (18-уми декабр) Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз ҳамаи давлатҳо даъват кард, ки тамоми асноди марбут ба дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷиронро тасдиқ ва мавриди амал қарор диҳанд.

Дар паёми худ ба ин муносибат Дабири кули СММ ҳамчунин аз давлатҳо даъват ба амал овард, ки дар сатҳи миллӣ баҳри бартараф кардани масъулияти ҷазои ҷиноӣ барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ тадбирҳо андешида, дигар амалҳои бидуни дар ҳабс нигоҳ доштани муҳоҷиронро пешбинӣ намоянд.

«Дар саросари ҷаҳон имрӯз беш аз 214 млн. нафар дар муҳоҷират қарор дошта, аксари онҳо барои наҷот аз шароитҳои мушкили зиндагӣ ба мушкилоти печидатаре, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи инсон, фақр ва поймолкунии ҳуқуқ дучор мегарданд. Аммо ин муҳоҷирон аз ҳаросу ноумедӣ як чизе муҳимтаре бо худ доранд: онҳо ҳамчунин умеду ҷасорат ва эътимод доранд, ки ҳаёти беҳтареро бунёд месозанд ва дар сурати дастгирии бояду шояд онҳо ба рушди ҷомеа саҳми босазо гузошта метавонанд», - изҳор кардааст ӯ дар паём.

Ӯ бар ин назар аст, ки муҳоҷиронро бидуни асосе ба нокомиҳо дар сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ гунаҳкор намуда, гузашта аз ин, онҳо қурбони «набард бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ» мешаванд ва аз ин рӯ, зарурати таъҷилие пеш омадааст, ки сиёсати миллӣ бо пешбинии ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқҳои инсон таҳия карда шавад.

Мувофиқи санҷиши гузаронидаи коршиносон, ҳар нафари сиву панҷуми курраи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш кору фаъолият дорад.

Мутобиқи ҳисоботҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 млн. нафар расида ва тибқи пешбиниҳои Созмони байнулмилалии муҳоҷират, то соли 2050 ин шумора ду баробар зиёд гардида, ба 405 млн. нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли равон беш аз 765 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷират ба хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки дар баробари афзоиши ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ низ ба сатҳи баланд мерасанд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 2 млрд. 990 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия бошад, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз 3 млрд. доллари ИМА бештар буд.