Пагоҳ, рӯзи шанбе мақомоти шаҳрдории пойтахт ба корҳои гузоштани арчаи солинавӣ дар майдони асосии шаҳр – Дӯстӣ оғоз мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, баландии арчаи солинавӣ 25 метрро ташкил дода, он бо бозичаву дигар лавозимоти зебу зинати солинавӣ оро дода мешавад.

«Корҳои гузоштан ва ороиши арчаи солинавӣ ду рӯз идома ёфта, аллакай рӯзи 24-уми декабр арчаи солинавӣ бо шукӯҳи шаҳоматаш сокинону меҳмонони пойтахтро истиқбол хоҳад намуд», - гуфт сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки дар пойтахт ҷашни Соли нав мисли солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд.

Ӯ зикр намуд, ки мисли солҳои пешин дар майдони асосии пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, шаби 1-уми январ чорабинии идона доир мегардад. «Дар бинои сирки пойтахт барои кӯдакон чорабинии солинавӣ ташкил карда мешавад», - гуфт вай.

«Бо номбар кардани Соли нав ҳамчун ҷашни христианӣ сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоман аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огаҳ набуданашро нишон дод», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотирнишон сохт, ки ҷашни Соли нав ба рӯзи мавлуди пайғамбар Исо ҳеҷ муносибате надошта, аз замони тақвими григорӣ оғоз шудааст.

Дар идома Убайдуллоев таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Соли нав иди расмӣ буда, дар тақвим бо хати сурх дарҷ ёфтааст.