Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи нави «Мусоидати таҳкими Системаи иттилоот дар соҳаи тандурустӣ» дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ менамояд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳа бо миқдори 3.4 млн. евро дар муддати 42 моҳ таҳти роҳбарияти EPOS Management (Олмон) дар консорсиум бо ICON-Institut Public Sector (Олмон) ва IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа ба дастгирии такмили ҷамъоварии маълумоти тиббӣ дар саросари кишвар ба мақсади мусоидати раванди қабул кардани қарор бо назардошти дастрас будани маълумоти муносиб, фаҳмиши беҳтари нишондиҳандаҳои кори соҳаи тандурустӣ ва истифодаи оқилтари захираҳои соҳаи тандурустӣ равона мегардад.

Лоиҳа ҷорӣ намудани сохтори умумидавлатии ҷамъоварӣ ва интиқоли маълумотро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Барои ин воридшавии манобеи асосии маълумот аз дохили соҳаи тандурустӣ ва инчунин вориди маълумот оиди миқдори фавт ва таваллудшудагон ба анбори иттилоотии миллӣ зарур мешавад. Лоиҳа сифати зарурии маълумотро тариқи баланд бардоштани сатҳи бохабарии ҷомеа ва дурнамои зиёд кардани потенсиали кадрӣ таъмин хоҳад кард, ки дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар саросари Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазифаи шарики асосӣ дар миёни баҳрабардорони лоиҳа ба ӯҳда дорад, ҳангоме ки Маркази чумҳуриявии омор ва маълумоти тиббӣ ба сифати мақомоти масъули асосӣ барои ҷамъоварии маълумот амал менамояд. Вазорати адлия ва Мақомоти бақайдгирии актҳои вазъи гражданӣ, ки барои сабти ҳолатҳои тавлид ва фавт муваззаф мебошанд, аз баҳрабардорони асосии лоиҳа хоҳанд буд. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон масъул барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории омори расмии давлатӣ, яке аз гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа низ хоҳад буд.