Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ супориши худ дар бораи қатъ кардани дастрасӣ ба 130 сомона аз 21-уми декабрро бекор намуд.

Ба қавли раиси Ассосиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомидин Атоев, рӯзи сешанбе ширкатҳо супориши барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро гирифтаанд.

«Чунин ба назар мерасад, ки хадамоти алоқа корҳои таъмиру фанниро, ки қаблан мақомоти раҳбариаш ба унвони сабаб изҳор карда буд, ба итмом расонидааст», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки мактуб ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқа Рустам Шокиров ба имзо расида, сабабҳои қатъи дастрасӣ маҳз корҳои таъмиру фаннӣ унвон шуда буд.

Мактуб дар бораи қатъи дастрасӣ ба смонаҳоро Хадамоти алоқа ҳанӯз шоми рӯзи 21-уми декабр фиристода буд. Ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи шанбе чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ карданд.

Рӯзи сешанбе рӯйхати пурраи сомонаҳои ба қатъи дастрасӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози интернет  тавсияшуда ба дасти ОИ «Азия-Плюс» расид. Ҳамин тариқ, мутобиқи рӯйхат, ҳудуди 80%-и онҳо сомонаҳои мусиқӣ мебошанд. Ҳамчунин торнамоҳои зиёде низ мавҷуданд, ки корбарони шабакаи Интернети Тоҷикистон аз мавҷудияти онҳо ҳатто огаҳие ҳам надоранд. Ғайр аз ин, дар рӯйхат торнамоҳои фаҳш (порнография) низ ҳастанд.