Бино ба маълумоти Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои баланди сабти никоҳи бармаҳал мавҷуданд. Ба рӯйхати кишварҳои пешсаф Молдова, Гурҷистон ва Туркия низ шомил мебошанд.

Тибқи маълумоти Маркази иттилооти СММ, афзоиши шумори никоҳҳои бармаҳал дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки бештар ба нигоҳдории айнияти миллӣ такя мекунад, нигаронӣ ба бор меоварад. Дар ин масъала осебпазирии бештари духтарони ҷӯгиҳо ва арӯсони навраси минтақаи Осиёи Марказӣ зикр мегардад.

Бино ба иттилои СҶТ, 19%-и духтарон бидуни расидан ба синни 18-солагӣ ба шавҳар баромадаанд. «Никоҳи бармаҳал барои духтарони наврас оқибатҳои ногувор дошта, онҳоро аз имкони пешбурди зиндагии минбаъда маҳрум месозад. Дар оилаҳои нав онҳо мавриди фишори равониву ҷисмонӣ қарор мегиранд. Сабаби аслии маргумири духтарони синнусоли аз 15 то 19-сола мушкилот зимни ҳомиладории бармаҳал аст», - гуфта мешавад дар маълумоти СҶТ.

Дар ин робита, СҶТ, Бунёди нуфуси СММ ва шарикони байнулмилалии он муборизаи қотеъона барои аз байн бурдани никоҳҳои бармаҳалро изҳор доштаанд. Ҳамчунин онҳо аз кишварҳо даъват ба амал овардаанд, ки никоҳи бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи инсон ва хатар ба солимии наврасон эътироф намуда, стратегияҳо оид ба пешгирии ин падидаи зарароварро таҳия созанд.