Роҳбари шуъбаи фарҳанги Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Ризоӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудаанд, ки Бозор Собир даъвати ҲНИТ ба вохӯриро рад намудааст.
«Ман ба исломиён чӣ кор дорам. Намеравам. Ман бо исломиҳо дар чӣ хусус гуфтугӯ мекунам? Онҳо муллову ман шоирам, миёни мо ҳеҷ умумияте нест», - оварда мешавад гуфтаҳои шоир дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ба гуфтаи Ризоӣ, ҳизб ба котиби Бозор Собир муроҷиат намуда, ӯро ба муколамаи ошкоро бо аъзои ҲНИТ даъват кардааст. «Мо ба ӯ гуфтем, ки барои вақти барояш мусоид толори худро ба вохӯрӣ бо Бозор Собир пешниҳод месозем. Котиби ӯ ба мо ҳеҷ посухе надод, вале баъдан тавассути матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ щудем, ки ӯ бо «муллоҳо» мулоқот карданӣ нест», - иброз дошт намояндаи ҲНИТ.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъ аз ҲНИТ хабар дода буд, ки дар суханрониҳои худ шоир чандин маротиба зикр кард, ки фаъолияти ҳизби исломӣ дар Тоҷикистонро қатъ намудан зарур аст «Мо ӯро даъват дорем , ки бевосита ба худи мо андешаҳояшро дар мавриди ҳизб баён дорад ва сабаби хуш надоштанаш аз ҲНИТ-ро шарҳ бидиҳад», - мегӯяд Ризоӣ.
Қобили зикр аст, ки дар мусоҳибаҳо ба ВАО Бозор Собир чандин маротиба ба ҳукуматдорон пешниҳод намуд, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишвар манъ карда шавад. Соли равон зимни бозгашт шоир пешниҳод кард, ки аз мавҷудияти аҳзоби дигари сиёсӣ низ мебояд даст кашид.
Дарҳол пас аз бозгашт ба ватан рӯзи 27-уми май дар мусоҳиба ба шабакаҳои телевизиони давлатӣ Бозор Собир изҳор намуд, ки бо даъвати президент ӯ якумра ба ватан баргашта, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳоло ҳам дар рушди ҷомеа саҳмгир буда метавонад.
Бозор Собир аз зиёини кишвар даъват ба амал овард, ки атрофи сарвари давлат муттаҳид шаванд ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки аҳзоби зиёди сиёсӣ барои Тоҷикистони кӯчак чӣ зарурате дорад. «Дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд авомфиребони нозарур пайдо шудаанд, ки бояд ҷояшонро ба нерӯҳои солимфикр диҳанд», - таъкид кард шоир.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста