Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳукми додгоҳи вилояти Воронеж ба қотили шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагӣ ба муҳлати 8 моҳ изҳори норозигӣ баён кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ба сафорат хабар расидааст, ки суди вилояти Воронеж ҳукми 8 моҳи зиндони суди ноҳияи Семилук нисбати вакили мардумии ин ноҳия Сергей Плеханов барои куштори шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ӯ дар ҳолати мастӣ аз машрубот рӯзи 28-уми январи соли 2012 содир намуда, бетағйир боқӣ гузоштааст.
«Чунин ҳукм комилан ба вазнинии ҷинояти содиршуда аз ҷониби С.Плеханов, ки ба марги шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, созгор нест», - чунин мешуморанд дар сафорати ҶТ.
Эгамзод афзуд, дар робита ба ин қазия сафорат ба Прокуратураи генералии Русия муроҷиат намуда, санҷиши қонунӣ будани қабули қарори зинаҳои судии вилояти Воронежро дархост намудааст.
Ёдрас мекунем, ки вакили Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Семилуки вилояти Воронеж Сергей Плеханов ҳангоми муноқиша бо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ бо шиша ба сари ӯ зарба зада буд, ки дар натиҷа ахирӣ дар беморхона ба ҳалокат расид. Тибқи Кодекси ҷиноии Русия, барои содир шудани ин ҷиноят 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, вале суди ноҳиявӣ ин моддаро тағйир дода, изҳор кардааст, ки инҷо амали зарурии худмуҳофизатӣ ҷой доштааст. Прокуратура ҳукмро хеле сабук арзёбӣ намуда, ба шикоят бурдан аз болои он кӯшиш кардааст, вале суд ҳукмро бетағйир боқӣ гузоштааст.
Адвокати маҳкумшуда Сергей Шестаков зикр кардааст, ки бо назардошти ба гуноҳ иқрор шудани айбдоршаванда, кӯмаки ӯ ба хешовандону наздикони ҳалокшуда ва тавсифномаи мусбат, тибқи моддаи сабуктар судя ӯро ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум кардааст.
«Судҳо комилан метавонанд моддаро тағйир бидиҳанд. Феълан агар маҳкумшуда қаламрави ноҳияро тарк карданӣ бошад, бояд аз мақомоти пулис иҷоза пурсад. Шабона ӯ бояд дар хона ҳузур дошта, ба маъракаҳои фароғатӣ наравад ва мунтазам аз қайди пулис гузарад», - иброз доштааст ӯ.
Гуфта мешавад, ҳарчанд прокурор ба намояндагони мардумии Семилуки ҷиҳати аз ваколатҳои намояндаи мардумӣ маҳрум кардани ҳамтояшон муроҷиат карда бошад ҳам, Плеханов то ҳанӯз вакил боқӣ мондааст.
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста