Ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 8 нафар сокинони ноҳияро аз ҳисоби маблағи худ ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов хабар дод, ҳадафи ин иқдоми хайр дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ аст. «Тамоми хароҷоти адои маросими ҳаҷҷи ин 8 нафарро маъмурияти ноҳия ба уҳда гирифт», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имсол 145 нафар сокинони ноҳияи Бохтар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Тӯли 22 соли истиқлолияти кишвар 780 нафар сокинони ноҳияи мазкур ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд.