Директори Бунёди нуфуси СММ ( UNFPA ) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Вернер Хауг  ба наздик ӣ   аз Тоҷикистон боздид намуд. Ба ҷуз шиносоӣ бо фаъолияти дафтари кишварии UNFPA дар Тоҷикистон, меҳмони олиқадр бо роҳбарони вазоратҳои калидӣ вохӯрда, аз як қатор иншооти бахши тандурустӣ боздид кард ва дар кори мизи гирд дар Агентии омори назди президенти ҶТ маърӯза карда, ҳамчунин боз якчанд мулоқотҳои муҳим анҷом дод. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ роҷеъ ба ҳадафҳои сафараш маълумот дод:

- Ҷаноби Хауг, ҳадафҳои сафар ба Тоҷикистон аз чӣ иборатанд?

- Ҳадафи сафари нахусти ман ба сифати директори минтақавӣ ба Тоҷикистон шиносоӣ бо фаъолияти дафтари кишварии мо аст. Ғайр аз ин, ман бо шарикон аз сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла раҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати тандурустӣ ва ҳамчунин Агентии омор мулоқот анҷом додам. Зимни ин вохӯриҳо дурнамои ҳамкориҳо миёни UNFPA ва ҳукумати Тоҷикистон ва инчунин дурнамоҳои минтақавӣ барои пешбурди масоили баррасишуда дар Форум оид ба гузориши дастовардҳои Конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи нуфус ва рушд (КБНР), ки моҳи июл дар Женева баргузор гардид, баррасӣ шуданд.  Ман ҳамчунин ба минтақаҳо сафар доштам, то ки бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои дафтар оид ба масоили дастгирии барномаҳои солимии модарон, банақшагирии оила, ташаббуси ҷавонон, пешгирии АНМО (ВИЧ) ва кор бо қишри осебпазири аҳолӣ аз наздик ошно гардам.

- Ахири соли 2012 оид ба иҷрои Барномаи амали конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи нуфус ва рушд, ки соли 1994 қабул шуда буд, гузориши глобалӣ таҳия гардид. Дар бораи натиҷаҳои ин гузориш маълумот медодед.

- Тавре дар боло зикр кардам, моҳи июли соли равон дар Швейтсария Форуми байнулмилалӣ доир гардида, дар кори он масоили нуфус дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ВЕЦА) баррасӣ шуданд ва таври маълум ин қаламрав 17 кишварро фаро мегирад. Мо таҳқиқот гузаронида, тафовут дар масоили рушд миёни ин кишварҳоро муайян кардем. Масоили солимии модар ва мутаносибан коҳиши маргу мири модарон масоили афзалиянок дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд. Сифати хуби хизматгузории тиббӣ низ дар баъзе кишварҳо он қадр қаноатбахш набуда, банақшагирии оила дастрас нест. Гузориш ба ошкор сохтани афзалиятҳои ба ояндаи кишварҳои минтақа равонашуда имкон дод. Масалан, барои ман муҳим он буд, ки гузориш то чӣ андоза муҳим ва калидӣ будани будани нақшаи амал дар доираи КБНР барои кишварҳои минтақаро инъикос намуд.

- Чанде қабл зимн конфронси матбуотӣ дар Алмаато Шумо як изҳороти пурсарусадое намуда, аз ҷумла зикр кардед, ки агар нишондиҳандаи таваллуд дар миқёси глобалӣ коҳиш наёбад, ахири асри XXI аҳолии Замин то 9-11 млрд. нафар афзоиш меёбад. Ин хабарро даҳҳо ВАО ба чоп расониданд. Акнун саволҳои асосӣ: чӣ гуна метавон мизони таваллудро коҳищ дод? Кадом мушкилоте ба ҳалли пурсамари ин масъала монеъа эҷод месозанд?

- Саволҳои хубанд, бахусус агар онҳоро дар нисбати Тоҷикистон шарҳ бидиҳем. Агентии мо ба моҳияти гендерии ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир месозад. Яъне мо ба он таваҷҷуҳи хосса медиҳем, ки ба занон имкони интихоб бидиҳем: оид ба кай ва чанд кӯдак таваллуд кардан онҳо чӣ гуна хоҳише доранд. Мебояд зикр кард, ки ин масъала мустақиман ба масоили маориф ва ҳуқуқи интихоби занон бастагӣ дорад. Ба контрасептивҳо (воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ) ва дигар хизматгузориҳои банақшагирии оила занон бояд дастрасии озодона дошта бошанд, то ки аз ҳолатҳои ҳомиладори номақбул пешгирӣ карда шавад. Масъалаи таъмин ва дастрасӣ ба контрасептивҳову дорувории тиббӣ мушкилоти дигар аст, ки дар маҷмӯъ метавонад ҳодисаҳои маргумири модаронро коҳиш дода, модар шуданро бехатар гардонад ва ин дар навбати худ, ба танзими мизони таваллуди аҳолӣ шароит муҳайё мекунад. Беҳуда нест, ки шиори агентии мо чунин садо медиҳад: «Ба ҷаҳоне майл мекунем, ки ҳар як ҳомиладорӣ матлубу дилхоҳ ва ҳар як таваллуд бехатару ҷавон ба сатҳи олии имконоти худ ноил гардидааст».

- Доктор Хауг, ҳамчун коршинос дар бахши муҳоҷират дар аксари конфронсу семинарҳо шумо бо маърӯзаҳо дар бораи мушкилоти сиёсати муҳоҷират суханронӣ намуда, миёни оқибатҳои манфии имконпазири муҳоҷират ба пиршавии аҳолӣ (кам шудани шумори аҳолии ҷавон ва аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол), «бадарравии магзҳо», аз даст рафтани сармояи инсонӣ, рушди ноустувор (интиқоли маблағҳои пулӣ ва ғайра), рушди нобаробари минтақавӣ (шаҳришавии босуръат, коҳиши аҳолӣ дар деҳот ва ғайра), коҳиши гуногуншаклии фарҳангӣ ва забонӣ ишораҳо доштед. Ҳамаи ин дар Тоҷикистон, кишваре, ки мутобиқи гузориши соли 2003-и шумо, «нисбат ба шумори умумии аҳолӣ ҳиссаи зиёди муҳоҷирон дорад» ва шумо «коҳиш»-и онро маслиҳат додаед, имрӯз ба мушоҳида мерасад. Ҳамчун коршинос дар бахши нуфус, дар масоили танзими муҳоҷират ба ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна тағйиротеро пешниҳод мекардед?

- Қобили зикр аст, ки тамоми равандҳои дар боло зикркардаи шумо барои кишварҳои дорои мизони баланди таваллуд падидаи маъмулӣ аст, ки дар натиҷа ҷавонон ба бозори меҳнат ворид мешаванд, вале на ҳамеша имкони дарёфти ҷойи корро дошта, табиист, ки дар дигар кишварҳо кор меҷӯянд. Замоне ин раванд дар Италияву Фаронса низ ҷой дошт ва ҳамчун яке аз имкони бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ баррасӣ мегардид. Вале ин ҷо муҳим он аст, ки ин раванд ба кишвари хурӯҷ таъсири манфӣ нагузорад, зеро барои ин ҷавононе, ки баҳри дарёфти кори хуб кишварро тарк мекунанд, воситаҳои давлатӣ сармоягузорӣ шудаанд ва ҳамчунин муҳим аст, ки муҳоҷирон кишварро худро абадан тарк нагуфта, бо он робитае дошта бошанд. Ҳамчунин зикр карданиам, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон барои давлат ё оила ҷуброни комилан мувофиқ буда наметавонанд ва агар ба вазъи умумӣ назар андозем, даромади аз ҳама бештари муҳоҷир дар кишвари қабулкунанда мемонад. Бори дигар такрор мекунам, ки дар дурнамои дарозмуҳлат муҳоҷирати меҳнатӣ набояд яке аз вариантҳои рушди устувор шуорида шавад, аз ин рӯ, ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ муносибати ҳамгироёна зарур мебошад.

Барои ҷавонон дар дохили кишвар мебояд шароит фароҳам овард. Таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова намунаи хубе буда метавонад, ки пас аз афзоиши рушди иқтисодӣ дар ин кишвар, як қисмати муайяни муҳоҷирон ба ватан баргашта, шоҳиди он шуданд, ки дар ҳаин ҷо низ бидуни ҷудоӣ ва хонаву оила метавон маблағи шоистае дарёфт намуд. Ҳукумати Молдова ҳамчунин ҷиҳати ҷалби воситаҳои сармоягузорӣ ба кишвар бо диаспораҳо ҳамкорӣ дорад.

- Чанд рӯзе қабл шумо аз сафари хидматӣ ба вилояти Суғд баргаштед. Дар он ҷо бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ мулоқот ороста, бо ҷараёни амалисозии як қатор тарҳҳои аз ҷониби UNFPA сармоягзоришуда аз наздик ошно гардидед. Таассуротатон аз яке аз минтақаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Қабл аз ҳама мехостам қайд кунам, ки ба ман натанҳо шаҳри Хуҷанд, балки дар маҷмӯъ вилояти Суғд хеле писанд омад: мардумаш, бахши кишоварзӣ, сатҳи рушд ва ғайра. Ман бо сардори Раёсати тандурустии вилоят, ки мутахассиси ҷавон асту барои оянда нақшаҳои зиёде дорад, мулоқот кардам. Медонед, дар кишварҳои дорои иқтисоди дар ҳоли гузариш қарордошта сабабҳои асосии нигаронӣ зербинои заъифшудаи бахши тандурустӣ ва дастрасии маҳдуд ба хизматгузории хушсифати тиббӣ, бахусус иттилоот ва хизматгузорӣ дар бахши солимии репродуктивӣ (тазаккурӣ) мебошанд. Мо аз маркази солимии репродуктивӣ ва шуъбаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд боздид кардем. Фикр мекунам, ки он хеле намунавӣ аст, зеро онҳо бо таҷҳизоти муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалии тиббӣ ва мутахассисони варзида таъминанд.

- Моҳи апрели соли 2012 шумо ба иҷрои уҳдадориҳои директори UNFPA дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пардохтед. Дар давраи раҳбарии шумо чӣ тағйирое рух доду ба ҳалли кадом мушкилот муоваффақ гардидед?

- Танҳо ду ҳолатро қайд карданиам. Аввал, мо дар маҷмӯъ муносибати худ ба минтақаро тағйир додем, то ки ҳар кадоме аз дафтарҳои кишварӣ ин ё он вазифаҳои афзалиятноки мавҷуда дар кишвари мушаххасро ба инобат гирад. Мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба сифати мададрасонон натанҳо кишварҳои доро, балки кишварҳои дорои даромади сатҳи миёнаро низ ҷалб намуда, мададрасонони нав дарёфт кардем. Масалан, Русия ҳамчун шарик оид ба рушд ба фаъолият омода аст ва мо рӯйи таҳияи лоиҳаҳо дар Тоҷикистону Белорус кор мекунем, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин мо баҳри таҳкими ҳамкориҳо дар худи минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ки мушкилоти якхеларо кишварҳо муштарак ҳаллу фасл намоянд.

Ба афзалиятҳоямон мо имрӯз назари мушаххас дорем, ки яке аз онҳо ноил гардидан ба баробарии гендерӣ аст. Аз ин рӯ, минбаъд фаъолона саҳм гузоштан дар масоили солимии репродуктивӣ ва ҷавононро дар нақша дорем, зеро ҷавонон насле мебошанд, ки баъди чандин сол қарор қабул карда, раҳбарии кишварро ба даст мегиранд. Ҳамчунин мо баҳри беҳбуди воситахои интиқоли маълумот тавассути шарикон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва албатта, ВАО кӯшишҳо ба харҷ додаем.

ASIA-Plus

МАЪЛУМОТНОМАИ «ASIA-Plus»:

Варнер Хауг доктори фалсафа оид ба улуми иҷтимоӣ ва сиёсии Донишгоҳи Сюрих буда, дар Донишгоҳи Женева (Швейтсария) машғулиятҳо баргузор намудааст ва муддати 15 сол ба сифати муовини директори шуъбаи нуфус, тандурустӣ ва омори меҳнати идораи федералии омори Швейтсария фаъолият намудааст. Амалисозии якчанд лоиҳаҳо оид ба нуфус ва рушдро дар Африқо, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна роҳабрӣ кардааст. Соли 2008 ба сифати директори Шуъбаи техникӣ дар қароргоҳи ташкилот дар Ню-Йорк ҷаноби Хауг ба UNFPA бипайваст. Соли 2012 ҷаноби Хауг Директори Бунёди нуфуси СММ (UNFPA) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таъин шуд, ки қароргоҳаш дар шаҳри Истанбул (Туркия) воқеъ аст.