Табиби маъруфи Лаҳистон Хенрик Скаржински  нақша дорад, ки дар шаҳри Душанбе маркази шахсии муолиҷаи бемориҳои гуногун шунавоиро боз намояд. Дар ин бора зимни нишасти  хабарӣ мушовири якуми сафорати Полша дар Тоҷикистон Славомир Стшалковский хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта Хенрин Скаржински ҳамроҳи як гурӯҳи табибон аз Тоҷикистон боздид намуда, 200 нафар кӯдакони 2 мактаби пойтахтро муоина намудааст.

«Натиҷаҳои муоинаи мазкур асоси муайян кардани соҳаи дармонгоҳи барои тоҷикистониён зарур ва омодакунии мутахассисон барои он хоҳад шуд», - иброз дошт ӯ.

Мушовири якуми сафорат ҳамчунин изҳор намуд, ки айни замон ҷараёни интихоби ҳайати шахсии тиббии марказ ҷараён дошта, онҳо дар Лаҳистон давраи омӯзишӣ хоҳанд гузашт.