Ба ҳафт нафар хизматчии давлатии минтақаи Кӯлоб, ки маблағи адои маросими ҳаҷро аллакай пардохт намудаанд, пешниҳод шуд, ки зиёрати макони муқаддаси ислом ё сабукдӯш гардидан аз мансабро интихоб кунанд.

Ба гуфтаи сарчашмаҳои ОИ «Азия-Плюс», ин шахсон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон имконпазирона мавриди истифода қарор гирифта метавонанд ва аз қаламрави кишвар хориҷ шудани онҳо айни замон қобили қабул нест.

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс», ду нафарӣ аз ин мансабдорон дар ноҳияҳои Данғараву Восеъ ва як нафарӣ дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб иқомат доранд ва ду нафар аз ин шумор адои маросими ҳаҷ аз мансаби хизматиро афзалтар донистаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи даст кашидан аз сафар ва баргардонидани маблағи пардохтшудаи мансабдорони давлатӣ ҳамин рӯз дар Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон мебоист ҳаллу фасл гардад.