Дар зарфи 8 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар ҳудуди 26 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 31,8%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур беш аз 81,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 49,3 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 39 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танафффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфаромён вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 8 моҳи аввали соли равон беш аз 4,7 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи ҳудуди 2,2 млн. сомонӣ (455,6 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми сентябри соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 79 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 55,8 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра беш аз 13,8 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва ҳудуди 3,7 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба зиёда аз 1,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 152 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 58,1% зиёдтар аст. Дар зарфи 8 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 95 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда буд.