Соати 6-и субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зоийрини тоҷик дар ҳайати 210 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе тавассути ҳавопаймои бароҳати Боинг 757-200 ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саъудӣ раҳсипор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопамоии миллӣ «Тоҷик Эйр» хабар доданд, тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбр то 1-уми октябр ширкат бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зойиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад. Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, дар маҷмӯъ имсол 6 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.

Муовини раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба ин масъала изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8 млн. нафар расидаааст, ки 99,4%-и онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. «Бо назардошти ин маълумот, имсол мо аз ҷудо гардидани 7,8 ҳазор квота интизорӣ доштем, вале бинобар сабаби коҳиши шумори квотаҳо ба андозаи 20%, мо акунун танҳо 6 ҳазор нафар тоҷикистониёнро ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор карда метавонем», - зикр кард Мухторов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба номаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шоҳи Арабистони Саъудӣ бо дархости коҳиш надоди шумори зойирини  тоҷик, посухи мусбат нарасидааст.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.