Имрӯз шуъбаи тандурустии  Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар шаҳри Кӯлоб «рӯзи солимии зан»-ро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи мазкур Нигина Қаробекова хабар дод, ҳар сол ду маротиба дар тамоми дафтарҳои кории Кумита чунин чорабинӣ доир гардида, таври ройгон занон муоиинаву бо дорувории тиббӣ таъмин ва занони эҳтиёҷманд ба дармонгоҳҳо фиристода мешаванд.

Ба гуфтаи Қаробекова, дорувории тиббӣ дарҳол пас аз қабулу муоина дода шуда, амалиёти табобату ҷарроҳиҳоро Кумита пас аз пешниҳоди маълумот аз беморхонаҳо пардохт мекунад. «Бархе аз беморонро, ки муолиҷааашон дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, мо ба пардохти нисфи арзиши равуо бидуни амалиёти ҷарроҳӣ, ба муассисаҳои тиббии Эрон мефиристем», - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, дар қароргоҳи марказии Кумита дар Душанбе сарфи назар аз макони иқомати бемор, «бо назардошти дар сабти ягон шуъбаи кории Кумита будани ӯ», ҳамарӯза аз 100 то 150 нафар занон ба муоина қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин самт Кумита ба занони маҷбар сароони оила гардида ва занон аз қишри камбизоати аҳолӣ дасти ёрӣ дароз мекунад. «Имрӯз ман дар Кӯлоб на камтар аз 100 занонро ба муоина қабул карданиам», - афзуд Қаробоева.