Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Лоҳур сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов аз хонаводаи шоир ва муттафакири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқбол боздид, бо писари шоир доктор Ҷовид Иқбол ва пайвандонаш мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ин вохӯрӣ ба Ҷовид Иқбол китобҳои тозанашри Аллома Иқбол, аз ҷумла «Куллиёти форсии Иқбол», «Ҷовиднома» ва яке аз асарҳои бузурги фалсафӣ-фиқҳии вай -«Эҳёи фикри динӣ дар ислом» ки бо дастуру ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба нашр расиданд, супурда шуданд.

Гуфта мешавад, зимни ин сафар инчунин сафир бо ҷонишини ректори Донишгоҳи Панҷоб доктор Комрон вохӯрд. Дар рафти вохӯрии мазкур масоили рушди ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар муҳокима шуданд. Донишгоҳи мазкур яке аз макотиби бузург дар ин кишвар буда, соли 1882 таъсис ёфтааст.

 Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафар сафири Тоҷикистон аз Палатаи савдо ва саноати Лоҳур боздид намуда, бо президенти Палатаи мазкур Суҳайл Лошарӣ ва аъзоёни он мулоқот анҷом дод.