Имрӯз байни Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Миссияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкории сеҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, ба ҳуҷҷати мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев ва роҳбари Миссияи СБМ дар Тоҷикистон Тайма Курт имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз ба имзорасии Меморандум ҳамаҷониба иттилоърасонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба қонунгузориҳо дар бораи муҳоҷирати кишварҳои кордиҳанда ва дар якҷоягӣ гузаронидани семинару вохӯриҳо бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ барои беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар самти мазкур ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқиву машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ба миқдори 8 ҳазор маводҳои иттилоърасонӣ ва 2 фита бо филми «Пеш аз сафар бидон» ва видеороликҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро тақдим намуд.