Аз мансаб сабукдӯш гардидани муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев ва раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз эҳтимол дур нест.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қарори қабулнамудаи Маҷлиси вакилолни халқи пойтахт зикр мегардад, ки фаъолияти мансабдорони номбаршуда дар масъалаи таъмини меъёри қонунгузории кишвар оид ба манъи нигоҳдории чорвои хонагӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ғайриқаноатбахш арзёбӣ шудааст.

Ба қавли котиби матбуотӣ, ба раисони ноҳияи Сино – Зафар Сафаров, Фирдавсӣ – Саиднуриддин Алиев, Сомонӣ – Аламхон Қурбонов ва Шоҳмансур – Самандар Бобоев то 1-уми январи соли 2014 ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт муҳлат дода шудааст. «Дар ҳолати бартараф нашудани камбудиҳо, масъалаи минбаъд дар ин мансабҳо қарор доштани онҳо баррасӣ хоҳад шуд», - гуфт Ш.Саидов.