Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюкӣ Имахаши рӯзи 21 ноябри соли равон ба ноҳияи Исфара ташриф оварда ба риси шаҳр Раҳмоналӣ Амиров барои бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби миёнаи №65 дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара», ки аз тарафи ҳукумати Чопон, дар чаҳорчӯбаи кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 113 539 доллари ИМА дастгирӣ ёфта буд, миннатдории хешро баён намуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон, то амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур, мактаби миёнаи №65 дорои бинои хуби замонавӣ набуд ва биноҳои мавҷуда дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштанд, ки ба сифати дониш таъсири манфӣ мерасонид. Бинои навсохта дорои 6 синфхона ва як хонаи омӯзгорон мебошад. Ба туфайли бинои нав хонандагони синфҳои 9 то 11, ки аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст дар мактаби дигар таҳсил мекарданд, ҳоло шароит пайдо карданд, ки дар мактаби обод таҳсилро давом диҳанд. Дар баробари дастгирии сафорати Ҷопон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара бинои навсохтаро бо лавозимоти аввалиндараҷаи хониш, ба монанди мизу курсӣ барои талибилмон омӯзгорон, ҷевон ва тахтасинфҳо таъмин намуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи дигар сафири Ҷопон дар маросими бомуваффақ ба анҷом расидани лоиҳаи дигар, ки дар ноҳияи Зафаробод амалӣ гардид, иштирок намуд. Дар маросим ҳамчунин раиси ноҳияи Зафаробод Рустам Раҳматов низ ширкат варзида, ба сафир оиди дастгирӣ ёфтани «Лоиҳаи барқароркунии каналҳои обёркунандаи ноҳияи Зафаробод» арзи сипос намуд.

Аз давраҳои пеш соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромади мардуми ноҳияи Зафаробод ба шумор меравад. Ҳамзамон бисёре аз каналҳои обёрӣ бо сабаби мушкилиҳои ҷойдошта, ба монанди пур шудан бо лой, шӯршавии замин, аз истифода мондан ва бекор хобидан танқисӣ мекашиданд. Биноан ҳосилнокии заминҳо сол аз сол паст мегардид.

Баҳри барқарорсозии каналҳои обёрӣ ва заминҳои корам, ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ, ба ноҳияи Зафаробод як экскаватор ва якчанд дигар техникаи кишоварзӣ ба маблағи 122, 049 доллаи ИМА дастрас намуд.

Барномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолии Ҳукумати Ҷопон то имрӯз якчанд лоиҳаҳои гуногунро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит ба ривоҷу равнақ ва дастрас гардонидани дониши зарурӣ замонавӣ барои хонандагон амалӣ намуд. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои қонеъ гардонидани талаботи мардуми Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳад.

Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӣ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳо амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 302 лоиҳаро ба маблағи умумии $23.3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.