Анонс

- Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон (PVD) дар толори конфронси Маркази ВЕФА бахшида ба аксияи «16 рӯз алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10:30;

- Аз 25 то 30-юми ноябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дарси маҳорати «Мактаби оҳангсозии навозандаи наврас» баргузор мегардад.

- Дар Маркази тиҷорати «Созидание» (кӯч. Айнӣ, 48, ошёнаи 3-юм) бахшида ба имзои лоиҳаи нави сармоягузорӣ миёни Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва корхонаи фаръии ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (гуруҳи CCPA) дар бораи роҳандозии истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистон конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.   

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7733 сомонӣ;

1 евро - 6.4164 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1493 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон.

1925 – Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) дар бораи табдили ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ба ҲК Тоҷикистон қарор қабул кард.

1947 – Ифтитоҳи Анҷумани II-юми нависандагони Тоҷикистон.

1887-1943 – Зодрӯзи генетики рус, ботаник ва ҷуғрофишинос, муҳаққиқи Тоҷикистон Николай Вавилов.

1934-1984 – Мавлуди оҳангсоз Достӣ Орзуев.

1938-2007 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

1942 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Шамсиев.

1949 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмонҷон Юсуфов.

1956 – Мавлуди доктори улуми филология Нуриддин Саидов.

1957 – Зодрӯзи рӯзноманигор Сайвалӣ Азизов.

1960 – Мавлуди фарҳангшинос Баҳринисо Қобилова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ баъзан боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад (дар баландии беш аз 2000 метр барф). 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +5+7.