Анонс

- Дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории шаҳри Исфара баргузор мешавад;

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Хизматгузориҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронс доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Оғоз соати 10:00;

- Дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» маросими муаррифии тартиби супурдани имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ барпо мегардад. Оғоз соати 08:00;

- Дар Маркази исмоилияи пойтахт дар мавзӯи «Дастрасӣ ба маълумот дар низоми адлияи Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Дар маркази омӯзиши кормандони мақомоти прокуратура дар доираи лоиҳаи «Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон» барои прокуророн тренинг доир мегардад. Оғоз соати 09:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7741 сомонӣ;

1 евро - 6.4902 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.149 1 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1992 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд

1963 – Дар Душанбе комбинати равғану чарбу ба фаъолият оғоз кард.

1915-1945 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

1956 – Мавлуди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Бахтиёр Худоёров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.