Анонс

- 30 ноябр таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҷаласаи нахусти ҳайати ҳукумати нави ҷумҳурӣ баргузор мешавад;

- 30 ноябр дар меҳмонхонаи «Истиқлол» конфронси серӯза оид ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши назорати маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёт доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

30 ноябр Ассотсиатсияи миллии ВАО- мустақили Тоҷикистон дар мавзӯи «Медиа ва амнияти эҷоди журналистӣ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09:30;

- 30 ноябр соати 18:00 дар тарабхонаи «Азия» шоми миллии «TajikNationalParty» аз HUSENIYON PRODUCTION ва TONIGHT.TJ баргузор мешавад, ки дар сарулибоси миллии инъикоскунандаи фарҳанги тоҷикон намоиш дода мешавад. Дар чорабинӣ ҳунармандони шинохта Ҳабиб Ҳакимов, Сироҷиддин Фозилов, Кирилл Комбаров, Нигина Амонқулова, Зафар Абдуалимов, Зайнура Пӯлодова ва Баҳром Ғафурӣ иштирок мекунанд Нархи билет – 200 сомонӣ;

- 30 ноябр , 1-2 декабр дар толори конфронси меҳмонхонаи «Пойтахт» бо дастгирии молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи ҳунар барои рушди имконоти ҷавонон»тренинги панҷрӯза ба кори худ идома медиҳад;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7747 сомонӣ;

1 евро - 6.5158 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.148 7 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

30 Ноябр

1894 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо.

1933 – Мавлуди артисти сирк, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

1944 – Зодрӯзи нависанда Зариф Ғулом.

1 Декабр

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БНМО (СПИД).

1926 – Нахустин Анҷумани умумитоҷикии коргару деҳқон ва вакилони аскар.

1957 – Корхонаи ҷуроббофӣ (феълан ҶС «Нафиса»)-и Душанбе ба истифода дода шуд.

1997 – Дар Хуҷанд маросими муаррифии корхонаи муштараки «Kabool Tajik Textiles»-и Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли нахи пахта ва матоъи ҷинс баргузор шуд.

2002 – Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд Созишномааи шарикӣ оид ба коҳиши мизони камбизоатӣ ба имзо расид.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Усмон Расулов.

1941 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Кимёҷон Нимадҷонова.

1946 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Яҳёев.

1951 – Мавлуди журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.

Вазъи обуҳаво

Обуҳавои р ӯ зи 30-юми ноябри соли 2013

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона +10+15;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +12+14.

Обуҳавои р ӯ зи 1-уми декабри соли 2013

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона 13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +11+16;  дар шарқи вилоят шабона -10-15, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +9+114.